Беҳтаринҳои «Парасту-2013» муайян мешаванд
Душанбе, 9 апрел.( АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз дар толори Театри академикӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар доираи ҷашнвораи «Парасту-2013» спектакли «Чархи гардон» ба намоиш гузошта мешавад, ки онро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев аз рӯи асари Нур Табаров ба саҳна гузоштааст.Мавзӯи намоиш зиндагонии аҳли дарбор, мухолифатҳои дохилидарборӣ ва муносибати байни давлатҳо дар замони амирии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба тамошобин некиву накӯкориро талқин мекунад ва ҳунармандоне, чун Улфатшоҳ Аҳмадшоев, Ортиқи Қодир, Исо Абдурашидов, Носир Ҳасанов, Қиёмиддин Чақалов бо бозӣ дар ин намоишнома тавонистаанд ҳадафи муаллиф ва таҳиягари намоишро ба бинанда расонанд.Мавриди зикр аст, ки ҷашнвораи театрҳои касбии кишвар «Парасту-2013» аз 5-уми апрел оғоз ёфта, дар он 16 театри касбӣ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доранд.Ҳайати доварони ҷашнвора бо шумули санъатшиносони тоҷик ва доварон аз хориҷи кишвар пагоҳ дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ беҳтаринҳои «Парасту-2013»-ро муаррифӣ менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






