Бемориро пешгирӣ мебояд
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси дармонгоҳи ҳамин донишгоҳ ва мутахассисони Маркази саломатии репродуктивии хайрхоҳона ба кӯдакон ва духтарон вобаста ба пешгирии бемориҳои саратони сина чорабинии судманд доир гардид.Раиси Шӯрои занони донишгоҳ Р.Қосимова гуфт, ки солимии ҳар нафар дар дасти худи ӯст ва суҳбат бо мутахассисони тиб танҳо ба хотирест, то донишҷӯдухтарон аломатҳои ин ё он бемориро дониста, сабабҳои гирифторӣ ба онро пешгирӣ кунанд.Мудири шуъбаи репродуктивии хайрхоҳона ба кӯдакон ва духтарон Дилором Мирзоева омилҳои асосии сар задании бемории саратони синаро шарҳ дод. Мавсуф бо ишора ба он ки шояд ба хотири ошкор нашудани беморӣ байни дӯстон ва шарм на ҳамеша ҷавондухтарон ба духтурон муроҷиат мекунанд, аз кушода шудани утоқҳои махсуси хайриявӣ дар дармонгоҳашон дарак дод. Ӯ гуфт, ин утоқҳо барои духтарони аз 10 то 25-сола буда, ба таври хайрхоҳона ва махфӣ ба мизоҷон хазмати худро мерасонанд.Д. Мирзоева зикр кард, ки ин тасмим ба хотире роҳандозӣ шудааст, ки ҷавондухтарони мо дониши репродуктивии баланд дошта бошанд ва аз касалиҳои саратони сина худро эмин нигоҳ доранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






