Беш аз 100 кг бангдона дар Шӯрообод мусодира гардид
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Шӯрообод аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ зиёда аз 100 кило маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, кормандони шуъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ муайян карданд, ки дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст — шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони милитсия ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ истанд. Лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори бангдона ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира шуд. Вазни умумии воситаҳои нашъадор 104 килою 15 граммро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






