Безараргардонии партовгоҳҳои урандор
Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷараёни иҷрои созишномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба безараргардонии партовгоҳҳои урандор дар корхонаи давлатии «Востокредмет» натиҷагирӣ шуд. Маҳмадшариф Ҳақдодов-раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии Парлумони мамлакат масъалаи идораи бехатарии партовҳои истеҳсоли уран барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки масъалаи партовгоҳҳои урандор барои Тоҷикистон танҳо характери миллӣ надорад, агар он сари вақт ва самаранок ҳал нашавад, метавонад характери минтакавӣ пайдо кунад ва сабабгори пайдоиши офати миқёси минтақавӣ гардад, ки барои ҳалли он вақти зиёд ва маблағҳои калони молиявӣ заруранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ имкониятҳои молиявӣ ва техникии заруриро барои таъмини нигоҳдорӣ, навсозии партовгоҳҳо ва офияти ҳудудҳои заҳролудшударо надорад. Зикр шуд, ки барои ҳалли масъалаи партовгоҳҳои урандор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кишварҳои ҳамсоя, Барномаи Рушди СММ, МАГАТЭ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби ташкилотҳои кӯмакрасон пайваста талош менамояд.Раиси Комиссияи экологии парлумон гуфт, ки ҷиҳати мукаммал намудани қонунгузорӣ дар ин соҳа, алҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар баррасии парлумон қарор дорад. Доир ба ин масъала Абдуҷаббор Саломов-муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳо ва Қосимбек Олимбеков -сардори раёсати Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, оид ба корҳои дар ин самт анҷомдода маълумоти муфассал доданд. Сипас, филми мустанад аз макони партовгоҳҳои урандор, воқеъ дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд ва оқибатҳои манфии он намоиш дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






