БМТ барои таҳсил дар Москав озмун эълон мекунад
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази байналхалқии таълимию методӣ ва мониторинги молиявии шаҳри Маскав (МУМЦФМ) барои дохил шудан ба Донишкадаи амнияти молиявӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии Маскав (МИФИ) аз рӯи ихтисоси “Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ” (2-ҷой) барои соли хониши 2013-2014 озмун эълон менамояд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти БМТ иттилоъ доданд, ки дар озмун метавонанд хатмкунандагони мактабҳо (литсейҳо, гимназияҳо)-и таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд. Аз рӯи иттилои манбаъ, довталабон барои супоридани имтиҳонҳо дар шаҳри Москва танҳо баъд аз гузаштани суҳбати пешакӣ бо тарзи конфронси видеоӣ бо муаллимони донишкадаи номбурда аз фанҳои имтиҳонӣ роҳ дода мешаванд. Довталабон бояд аз фанҳои математика, физика, забони давлатӣ ва русӣ дониши амиқ ва баҳои “аъло” дошта, инчунин довталабон бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Довталабоне, ки ба донишкада дохил мешаванд, уҳдадоранд баъди хатми донишкада ба Тоҷикистон баргашта, на камтар аз 5-сол дар Бонки миллии Тоҷикистон кор кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






