Боз як садамаи марговар
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 339 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 109 нафар ба ҳалокат расида, 362 нафари дигар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. 26 апрели соли 2013 соати 09:50 дақиқа дар ноҳияи Ваҳдат мошини тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи ронанда Саидраҳмон Раҳмонов ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Ваҳдат-Бӯстон аз самти деҳаи Ҷангалобод ба самти шаҳри Ваҳдат ба пойдевори дарвозаи хоҷагии Бустон бармехӯрад, ки дар натиҷа худи ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






