Боздиди ҳайати БРО аз Вазорати молия
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 17 апрел вазири моляи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, ҳайати Бонки рушди Осиё бо роҳбарии раиси шӯъбаи энергетикаи раёсати Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Руни Стром ва намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю масоили корҳои марбут ба тармиму таҷдид, иваз намудани таҷҳизоти фарсудаи нерӯгоҳи барқи обии Норак ва имконияти истифодаи манбаъҳои дигари энергия дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисоси бахши энергетика ва истифодаи таҷрибаи муосири кишварҳои дигар дар ин самтро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин самтҳои ояндадори барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва ҳамгироии муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё ва созмонҳои дигари молиявию бонкии ҷаҳон муҳокима шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






