Боздиди намояндагони ширкати Туркия аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Ёқубов бо роҳбари ширкати «АҚПА» — и Туркия Ҷамил Челишкан ва директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Офарин Алюминиум» Ҷамол Ҷамшед мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Анвар Ёқубов аз фаъолияти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ, заминаи меъморию ҳуқуқӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, намудҳои маҳсулот ва нақшаҳои оянда муфассал хабар дод.Ҷамил Челишкан дар навбати худ перомуни ҷараёни вориду насб намудани таҷҳизоти ширкати «Офарин Алюминиум», мӯҳлати мавриди истифода қарор додани иншоот ва нақшаҳои оянда нақл кард. Қобили зикр аст, ки корхонаи мазкур маҳсулоту маводи мухталифи алюминӣ истеҳсол намуда ва лоиҳа дар ҳошияи коркарди пурраи захираҳои маҳаллии Тоҷикистон дар амал татбиқ мегардад. Меҳмонон дар ҷараёни сӯҳбат ба масоили марбут ба андозгузорӣ ва имтиёзҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ дахл намуданд. Ба фикри онҳо, ин тадбирҳо бояд барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди ӣктисодӣ мақоми хоса дошта бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






