Боздиди намояндаи БРО аз МОИ

Апрель 17, 2013 11:26

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд. Тавре ки аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҳбари маъмурият Анвар Ёқубов дар бораи лоиҳаҳои ташкили инфрасохтори ибтидоӣ, ки бунёди роҳҳои мошингард, барқарор намудани марказҳои обкаш ва таъмини аҳолӣ бо обро дар бар мегиранд, нақл кард.Си Си Ю дар навбати худ қайд намуд, ки Бонки рушди Осиё ҷонибдори омӯзишу таҳлили имкониятҳои дастгирии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.Мувофиқи суханони Си Си Ю, алҳол Бонки рушди Осиё, масоили дастгирии дар Тоҷикистон рӯи кор овардани механизми мушорикати давлатию инфиродиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Апрель 17, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш