Бригадири «Зафар»-ро ба қатл расониданд
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Раҳмоналӣ Парманов ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар қатли шаҳрванд Абдуназар Эрманов боздошт шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 2-юми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 04:00 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш ҷасади шаҳрванд Абдуназар Эрманов, соли таваллудаш 1958, сокини деҳаи Дмитрови ноҳияи Қубодиён, бригадири хоҷагии деҳқонии «Зафар», бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳат дар қисми паси сар дарёфт шудааст ва дар ин амал Парманов Раҳмоналии 62-сола гумонбар дониста шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






