Бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Душанбе
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари корхонаи нассоҷии ҶСК “Тянхуй”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Тибқи иттилои котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла сохтмони корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили корхонаи нассоҷӣ дар заминаи корхонаҳои амалкунанда баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки ширкати нассоҷии «Тсинҷоуи»-и ҶСК “Тянхуй” дар шаҳри Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз матои пахтагин, матои пахтаи сунъӣ ва калобаи пахтагин ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти ин корхона сифати баланд дошта, дар Чин ва шарқу ғарби Осиёи Миёна машҳур мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли матоъ ва калоба дар соли 2012 2500 тонна ва 8 млн. метрро ташкил кардааст. Солҳои охир ширкат барои ҳамкорӣ бо корхонаҳои нассоҷии давлатҳои хориҷӣ омода мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






