Бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Садриддин Айнӣ 15 апрели соли ҷорӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмию адабӣ доир гардид.Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим хабар дод, дар чорабинии мазкур декани факулта Боймурод Шарифов роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти адиб сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки устод С.Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шахси мубориз шинохта шудааст. Маҳз бо дастгирию ҷонбозиҳои ӯ миллати тоҷик дубора асолати таърихию фарҳангии худро ба даст гирифт.Ба андешаи мудири кафедраи адабиёти тоҷик М.Қурбонов, устод С.Айниро на танҳо ҳамчун як нависанда, балки чун шоир, таърихнигор, омӯзгор ва рӯзноманигор бояд шинохт.Дар идомаи маҳфил муаллимону донишҷӯён дар назди пайкараи устод С.Айнӣ нишаста, мубоҳисаи адабӣ оростанд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






