Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сӯхтор дар шаҳри Мянма Душанбе, 2 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои гуфти расонаҳои хабарии Аврупо ҳафтаи равон дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахти Мянма- шаҳри Янгон сўхтори шадид ба амал омад. Дар сӯхтор 13 нафар ба ҳалокат расида,чанд каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд. Оташ бо сабаби расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст. Барои муайян кардани омилҳои аслии сўхтор бо дастури ҳукумати Мянма комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Ракха́йн даргириҳои қавмӣ авҷ гирифтаанд. Дар ҷои ҳодиса як ҳазору сесад хонаи иситиқоматии сокинон дар ҷараёни даргириҳои байниқабилавӣ ба коми оташ кашида шуда, 9 ҳазор нафари дигар тарки манзил кардаанд. Таркиш дар Чин Душанбе, 2 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар шабакаи интернетии www.Jomejam.com навишта шудааст, дирӯз дар Ҷилини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар яке аз конҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок таркиши сахт ба амал омад. Дар вақти ҳодиса 6 нафар корманд ба ҳалокат расида,11 каси дигар зери харобаҳо мондааст, ки то ҳанӯз аз тақдири онҳо хабаре нест. Мувофиқи иттилои расида, сабаби таркиш гази метан мебошад, ки дар даруни нақб рух додааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми як ҳафтаи охир маротибаи дувум аст, дар кони маъдани ин музофоти мазкур таркиш ба амал меояд. Дар инфиҷори қаблӣ 28 нафар ҳалок гардида буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






