Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тайёрӣ ба интихобот дар Венесуэла Душанбе, 3 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои расонаҳои хабарии Аврупо дар Венесуэла омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи президентӣ то ҳол идома доранд. Дар кишвар ҳавзаҳои интихоботӣ расман ба фаъолият шуруъ карданд. Мувофиқи хабари котиби матбуотии Маҷлиси миллии кишвар маъракаи овоздиҳӣ 14-уми апрели соли 2013 сурат мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар маротибаи аввал аст, ки интихоботи президентӣ дар кўтоҳтарин муддат гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки ин маъракаи сиёсӣ ғайринавбатӣ ба шумор меравад. Собиқ президенти кишвар- Уго Чавес 5-уми марти соли ҷорӣ дар синни 59- солагӣ бар асари бемории саратон аз олам даргузашт. Алҳол ноиби Уго Чавес Николас Мадуро муваққатан президент интихоб шудааст Боришоти барфи шадид дар Маскав Душанбе, 3 апрел .(АМИТ «Ховар»).- Дар як қатор минтақаҳои Федератсияи Русия боришоти шадиди барф ва тундбод ба амал омад. Аз сабаби боришоти барфи зиёд якчанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳолати мазкур ба сокинон ҳам мушкилоти зиёд пеш овардааст. Аз ҳама боришоти зиёди барф дар вилояти Калинингради ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари садамаҳои зиёди нақлиётӣ инчунин дар ин вилоят аз сабаби боду ҳавои номусоид парвози ҳавопаймоҳо чанд рўз боз қатъ шудааст. Тибқи иттилои ҳавошиносон эҳтимол чунин сардӣ боз 2 ҳафтаи дигар идома ёбад. Таркиш дар ИроқДушанбе, 3 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Ироқ- шаҳри Бағдод бар асари таркиши шадид 12 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорон мошини сабукрави ҳомили таҷҳизоти таркандаро ба кор даровардаанд. Вале масъулияти таркишро ягон шахс ё гуруҳ ба уҳда нагирифтааст. Дар айни ҳол кормандони мақомоти қудратӣ дар ҷои ҳодиса сабаби сар задани таркишро муайян менамоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






