Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Вазъияти буҳрони молӣ дар Кипр Душанбе, 11 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Президенти Кипр Никос Анастасиадис масъалаи рафъи буҳрони шадиди молиро бо роҳбарони сиёсии як қатор ҳизбҳои бонуфузи кишвар ҳафтаи равон баррасӣ намуд. Ҳукуматдорон зимни ҷаласаи навбатӣ барномаи махсуси ислоҳоти иқтисодиро баррасӣ карданд. Ба ақидаи иқтисоддонҳо чунин барномаи ҷадид кишварро аз вартаи буҳрони молӣ ҳарчи зудтар раҳо мебахшад. Дар ин робита ҳукуматдорон ҳаҷми андозро ба ширкатҳое, ки мехоҳанд дар Кипр фаъолиятро ба роҳ монанд, коҳиш доданианд. Садамаи калони нақлётӣ дар Мексика Душанбе, 11 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Дар Мексика садамаи калони нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои манбаъҳои хабарии кишвар дар як шоҳроҳи автомобилгарди иёлати Верокрус ду нақлиёти мусофирбар ба ҳам бархўрд. Дар пайи садамаи нохуши нақлиётӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, 14 каси дигар осеб диданд. Тавре ки хабар дода мешавад, дар яке аз роҳҳои душворгузари минтақи кўҳӣ ронандагони автобусҳои мусофирбар ба самти муқобили харакат баромада, баъди бархўрд як воситаи нақлиёт аз баландии 100 метр ба дара сарозер шудааст. Обхезии шадид дар Босния Душанбе, 11 апрел .(АМИТ «Ховар»).- Тӯли чанд рӯз аст, ки сокинони шаҳри Мостари Босния ва Гертсоговина аз обхезии шадид ранҷ мекашанд. Мувофиқи маълумоти расида, дар минтақа баландии сатҳи об ба як метр мерасад. Бар асари ҳодиса ошёнаҳои якуми манзилҳои зист пурра зери об монда, ёдгориҳои таърихӣ хароб гардидаанд. Ҳукуматдоронро бештар вазъияти ёдгории таърихии Пули куҳна дар ташвиш гузоштааст, зеро дар ҳолати вайрон шудани пули мазкур на танҳо кӯпрук, балки иншооти дигари марбут ба он зарар хоҳанд дид. Ҳукуматдорон низ баҳри бартараф намудани вазъияти мавҷуда тадбирҳои таъҷилӣ меандешанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






