Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар округҳои Сибир Приволже, Ғарбӣ ва Марказии Русия вазъияти мураккаби обхезӣ ба миён омадааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати минтақаҳои Русия, ҳоло беш аз 330 хонаи истиқоматӣ зери об монда, садҳо нафар одамон ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шудаанд. хххПрезиденти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ба кормандони Идораи федералии разведка ва пулиси шаҳри Бостон барои шуҷоату диловариашон ҳангоми тафтиши амалиёти террористӣ изҳори миннатдорӣ кард. хххСобиқ муҳаррири рӯзномаи «Дейли Телеграф» Чарлз Мур бо иҷозати Маргарет Тэтчер тарҷумаи ҳоли ӯро навиштааст. Муаллифи китоб ҳангоми таълифи он фикри худи Хонуми оҳанин, аҳли хонавода ва дӯстонашро ба назар гирифтааст. Ба гуфтаи мутахассисон, китоби Чарлз Мур ҳаводорони зиёдеро пайдо хоҳад кард. хххҲашт киштии Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди минтақаи ҷазираҳои Сенкаку шудаанд, ки Ҷопон онҳоро қаламрави худ мешуморад. Сарҳадбонони Ҷопон талаб мекунанд, ки киштиҳои Чин ин мавзеъҳоро фавран тарк намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






