Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Инна Жиркова, ҳамсари футболбози дастаи «Анжи» — и шаҳри Мағоҷқалъа ва дастаи мунтахаби Русия Юрий Жирков, аз унвони «Зебосанами Русия дар соли 2012» рӯ гардонида ва тоҷро дар ҳузури мардум аз сараш гирифт. Сабаби ин дар шабакаи телевизиони Русия намоиш додани филме дар бораи рух додани фиребгарию қаллобӣ дар озмунҳои ҳусну зебоӣ мебошад. хххПрезиденти Фаронса Оланд қонунро дар бораи эътирофи ақди никоҳи шахсони якҷинса маъқул ёфта, аъзои ҳизбаш ин қонунро дастгирӣ намуданд.хххБар асари ҳамлаи шахсони номаълум ба намозгузорони калисои насрониёни шаҳри Албукёрки Амрико 6 нафар захм бардошта, ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.хххБаъди бинои Вазорати корҳои хориҷии Либиёро иҳота намудани даҳҳо нафар силоҳбадастон, вазъияти пойтахти ин кишвар шаҳри Триполи пуршиддат гардид. Силоҳбадастон талаб мекунанд, ки ҷонибдорони режими Муаммар ал — Қаззофӣ, ки тирамоҳи соли 2011 вожгун шуда буд, аз вазифаашон хориҷ карда шаванд. Тарҷумон Шарифов М.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






