Дар Қубодиён мактаби ятимон бунёд мешавад
Қӯрғонтеппа, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар ноҳияи Қубодиён барои 240 нафар кӯдакони ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоат мактаб — интернат бунёд мешавад. Тавре ки мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Мирзо Эшов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, алҳол омодагӣ барои бунёди мактаби нав идома дорад. Дар мактаб – интернат ҳамчунин барои 100 нафар хобгоҳ сохта мешавад. Мувофиқи суханони мусоҳиб, бинои мактаб аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маорифи ҶТ бунёд гардида, моҳи декабри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






