Дар 20 сол 200 ҳазор нафар адои маносики ҳаҷ кардаанд

Апрель 26, 2013 13:49

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳори ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ бо тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалии исломӣ иброз намуд. Сарвари давлат қаноатмандона изҳор дошт, ки натиҷаи ҳамкориҳо бо Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва кишварҳои олами ислом ба бисёр ҷабҳаҳои иқтисодиёти миллии мо манфиат оварда истодаанд. Зимни таваҷҷуҳ ба мавзӯи мазкур Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуд, ки дар тӯли 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард ва ҳоло теъдоди масҷидҳое, ки дар кишвар расман сабти ном шудаанд, беш аз 4000 ададро ташкил медиҳад, ки дар ин масъала Тоҷикистон нисбат ба шумораи аҳолӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад. Ба иловаи Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Шӯравӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар адои маносики ҳаҷ карда буданд ва дар тӯли 20- соли соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 200 ҳазор нафар шаҳванди кишвар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. «Мо дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ба арзишҳои динии худ низ эътибори ҷиддӣ медиҳем. Аз ҷумла, чор маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим гардид»,- иброз намуд Сарвари давлат. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Кумитаи оид ба корҳои дин, Донишгоҳи исломӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳамаи шароитҳо таъмин мешаванд, то мардуми кишвар суннатҳои динии худро озодона иҷро кунанд.

Апрель 26, 2013 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад