Дар Хоруғ даъвати баҳорӣ муътадил аст
Хоруғ, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев).- Имрӯз бо иштироки раисони ноҳияҳо, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар назди раиси вилоят Қодири Қосим машварати корӣ баргузор шуд. Раисон ва комиссарҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд. Зикр гардид, ки маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ муътадил аст. Роҷеъ ба баъзе масъалаҳои мавҷуда раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






