Дар се моҳ — 55 корхона
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд 55 корхонаи хурду миёна ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб тақрибан 1100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода, афзудааст, ки ин корхонаҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту шир, орду макарон, нӯшокиҳои ташнашикан, равғани растанӣ, навъҳои гуногуни мебел, дару тирезаҳои чӯбиву пластикӣ, коркарди шоливу ғалла, пӯсти чорво ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум нигаронида шудаанд.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят ба истифода супоридани 120 корхонаи нав ва муҳайё намудани 5000 ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандон ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






