Дар Смолний ду шаҳрдор бо ҳам вохӯрданд
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду бародаршаҳр –Душанбею Санкт-Петербург дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев — раиси Маҷлиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Георгий Полтавченко- губернатори Санкт-Петербург қарор дошт. Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбею Санкт-Петербургро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати таҳкими муносиботи судманд ироа доштанд. Таъкид гардид, ки тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишномаи ба тасвибрасидаи ду бародаршаҳр –Душанбе ва Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамоянд. Мулоқот, ки дар қасри Смолний сурат гирифт, дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт. Мавриди зикр аст, ки Душанбе бо Санкт-Петербурги Русия 6 октябр соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ бастааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






