Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии меҳнат таҷлил мешавад
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон 1 май чун Рӯзи байналмилалии меҳнат таҷлил шуда, мардуми кишвар дар ин рӯз истироҳат мекунанд. Азбаски 1 май ба рӯзи муқаррарии корӣ, яъне чоршанбе рост меояд, мувофиқи Қонуни ҶТ, «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба вақти дигар гузаронида намешавад ва сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд. 2 май ба рӯзи панҷшанбе рост омада ва рӯзҳои боқимонда вақти корӣ шумурда мешаванд. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод. Имрӯз иди 1 май дар 66 давлати ҷаҳон таҷлил мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






