Даргузашти Пайванди Гулмуродзода
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Шаби гузашта донишманди маъруфи тоҷик Пайванди Гулмуродзода бар асари бемории қалб дар синни 56 аз олам даргузашт.Пайванди Гулмуродзода соли 1956 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кардааст. П. Гулмуродзода фаъолияти меҳнатии худро аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, солҳои 1992-96 дар вазифаи муовини декан ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 ба ҳайси декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Мавсуф то ин дам дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс мегуфт ва ҳамзамон дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






