Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар зиёд шудааст

Апрель 26, 2013 13:54

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). – «Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки иҷрои барномаҳои қабулкардаи худ ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд», — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 апрел дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар. Сарвари давлат афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад.«Дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид», иброз дошт Э. Раҳмон. — Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт.Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷаи давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад.Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар таносуби даромади буҷаи давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000-ум ба 12,6 фоиз баробар гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2006-ум ба 19,4 ва дар соли ҷорӣ ба 22 фоиз мерасад.Аз рӯи иттилоъи Роҳбари давлат, пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷаи давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад ва дар соли ҷорӣ он 6,4 миллиард сомонӣ ё зиёда аз нисфи буҷаи давлатиро ташкил медиҳад.Э. Раҳмон афзуд, ки агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум нисбат ба соли 2006 –ум 7 баробар зиёд мебошад.

Апрель 26, 2013 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд