Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СҶТ
Душанбе, 2 апрел.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Расо пас аз як моҳи қабули расмии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат /СБТ/ Маркази байналмилалии тиҷорат /МБТ/ роҳбарони доираҳои соҳибкории соҳаи мухобироти кишвар ва коршиносони соҳаро дар як давраи омӯзишӣ дар Душанбе гирди ҳам меорад, то роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СҶТ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ намоянд. Давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ –уҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хидматрасониҳои мухобиротӣ» рӯзҳои 2 ва 3-юми апрели соли равон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои мобиливу интернетӣ, иттиҳодҳои тиҷоратӣ, СЕКО, СТҶ, МБТ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар давоми давраи омӯзишӣ низоми тиҷорати хидматрасониҳои мухобиротӣ дар доираи СТҶ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ва таъсири узвияти кишвар дар СТҶ ба ширкатҳои мухобиротиро баррасӣ менамоянд. Интизор меравад, ки Ли Татҳил аз СТҶ иштирокдорони давраи омӯзиширо бо муҳтавои умумии қоидаҳои калидии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои мухобиротӣ шинос хоҳад кард. Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба манфиатҳое, ки аъзои СТҶ аз ислоҳот ва озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи мухобироташон бардоштаанд, ҷалб хоҳад кард. Хонум Татҳил мегӯяд, «тавоноии бахши хусусӣ барои истифода аз имконоте, ки чунин низом медиҳад, дар бисёр мавридҳо, аз иҷрои ислоҳоти дохилӣ аз ҷониби ҳукумат бо ризоияти якдилонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – соҳибкорон, муштариён ва ироагарони хадамоти мухобиротӣ вобаста аст. Аъзои СТҶ талош мекунанд, то шароитеро барои соҳибкорӣ фароҳам биоваранд, ки сармояи хусусӣ ба иқтисоди дохилӣ ҷалб гардад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






