Дарёфти роҳҳои муассиртари ҷалби ҷавонон ба хизмат
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар нимаи дуввуми моҳи апрели соли равон, ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мулоқоти масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Суғд сурат гирифт. Масъулини кумита аз вазъи будубош ва шароити хизмати аскарон дидан намуданд. Ҳамчунин дар самти татбиқи лоиҳаи Барномаи «Ихтиёриёни ҷавон» ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ва дарёфти роҳҳои муассиртари ҷалби ихтиёрии насли ҷавони ҷомеа ба хизмати аскарӣ 18 апрел дар шаҳри Қурғонтеппа ва 27 апрел дар шаҳри Хуҷанд семинари методию амалӣ доир гардид. Масъулини Кумита зимни суҳбату дидор бо афсарону сарбозон тазаккур доданд, ки раҳнамун сохтани ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дўст доштани обу хоки диёри худ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ дар шароити имрўзаи ҷумҳурӣ аҳамияти беандоза касб менамояд.Таъкид гардид, ки мақомоти роҳбарии мамлакат дар ин ҷода тадбирҳои муҳиму мақсаднок андешида, дар ин робита шароити мусоид фароҳам меоваранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






