Дастаи занонаи РВКД- ғолиби мусобиқаи шоҳмот
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Дастаи занонаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар мусобиқаи шашка миёни занони кормандони мақомоти ВКД-и Тоҷикистон ҷой аввалро соҳиб гашт.Дар мусобиқа, ки дар бинои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ баргузор шуд, ҷойи дуввумро Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва ҷойи сеюмро ду даста- Академияи ВКД ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД соҳиб шуданд.Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, дар мусобиқа 26 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.Гуфта мешавад, дар анҷоми мусобиқа, ки рӯзи 12-апрел ҷамъбаст мегардад, аз ҷониби вазири корхои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ғолибон туҳфаҳои арзанда- мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, DVD-магнитофон, ҷому медал ва ифтихор номаву сипосномаҳо тақдим мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






