Дастгир шудани гуруҳи нашъаҷаллоб бо 73 кило ҳашиш
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»,Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи Хайриддин Қамишев, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Фархор қарор дошт, бо ҳамроҳии шаҳрванд Ҷумъаназар Маллаев, соли таваллудаш 1958, сокини ш.Қурғонтеппа боздошт гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми азназаргузаронии бордони мошини мазкур 73 кило маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки Маллаев ва Қамишев 73 кило ҳашишро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳ Валади Ҳасибуллоҳ, соли таваллудаш 1981, муваққатан сокини ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ин гуруҳи нашъаҷаллоб бо ҳамроҳии Толибҷон Фаттоев, соли таваллудаш 1958, сокини шахри Қурғонтеппа ва Сайдалӣ Мирзомуродов, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Хуросон ба хариду фурӯши маводи нашъадор машғул будаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






