Даъвати баҳорӣ ба сафҳои ҚМ оғоз ёфт
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 1 апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз ёфт.Тавре ки котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, тибқи Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт ҷавоб додани хидматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1986 – 1995 – и ҶТ ба хидмати ҳарбӣ» ҷавононе, ки синнашон ба даъват расидаанд ва шахсоне, ки ҳуқуқи мавқуф гузоштан ё аз хидмат озод шуданро надоранд, ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, барои ташкили даъвати шаҳрвандони ба хидмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъуланд. Қобили зикр аст, ки ҳар сол тақрибан 15 – 16 ҳазор нафар ҷавонон сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро пурра менамоянд. Алҳол дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнашон даъватшаванда мавҷуданд, ки мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ синнашон аз 18 то 27 – ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






