Донишҷӯи ДДТТ сазовори ҷои аввал
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд. Дар мусобиқа донишҷӯи гуруҳи 22, курси 5-уми факултаи тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Сафомуддин Толибзода ширкат варзида, сазовори ҷои аввал ва Ҷоми мусобиқа гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






