Донишҷӯёни ДДТТ-соҳиби мақоми аввал
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ширкат дар даври дуввуми озмуни минтақавии «Рақобати донишомӯзӣ дар Интернет–олимпиадаи байналмиллалӣ», ки аз 22 то 27 марти соли ҷорӣ миёни кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ гузашт, бо ба даст овардани панҷ медали тилло чун ғолибони озмун эътироф шуданд. Озмуни байналмилалӣ дар шакли тестӣ ва бо истифода аз хати муоширати ҷаҳонӣ миёни донишҷӯёни риштаҳои улуми макотиби олӣ баргузор шуд. Миёни фанҳои таълимие, ки дар озмун пешниҳод гардиданд, донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ аз риштаи химия баромад намуданд. Ҳамаи 5 нафар донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ба мақоми аввал сазовор шуда, соҳиби медали тилло гардиданд, ки инҳо: Шаҳбоз Зулфалиев, донишҷӯи курси дуюм, Шаҳбоз Ёқубов, донишҷӯи курси сеюм, Дилафрӯз Саидалиева, донишҷӯи курси якум, Раҳимҷон Абдуллоев, донишҷӯи курси якум ва Меҳриёр Комилов, донишҷӯи курси якум буданд. Ҳамзамон Шаҳбоз Зулфалиев, донишҷӯи соли дуввуми донишгоҳ бо ширкат дар сабқати озоди минтақавӣ (бидуни назардошти мушаххасоти таҳсил) ширкат намуда, дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мақоми аввал лоиқ дониста шуд. Зимнан дар давоми се соли охир донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бо иштироки фаъол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ пайваста ғолиб омада, сазовори мақоми дуввум миёни сӣ муассисаи таҳсилоти олии кишвар мешаванд. Ва ин бурди навбатии донишҷӯёни донишгоҳ далели дигаре аз баланд гаштани сатҳу сифати таълим ва натиҷаи мусбати ширкати онҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалист.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






