Донишҷӯёни макотиби олӣ сомона тарҳрезӣ мекунанд
Душанбе, 4 апрел (АМИТ «Ховар»).- Ширкати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди сомонаи беҳтарини «МегаДонишҷӯ» озмун эълон кардаанд. Мувофиқи шартҳои озмун донишҷӯёне, ки аз рӯйи ихтисоси «Информатика ва барномасозӣ» таҳсил мекунанд, бояд сомонаеро тарҳрезӣ кунанд, ки он барои ҷамъи донишҷӯён манфиатовар ва ҷолиб бошад. Дар озмун донишҷӯёни 6 мактаби олии кишвар иштирок хоҳанд кард: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Корҳои анҷомёфта аз рӯйи меъёрҳо: дизайн, ҷолибият, маълумотнокӣ, маҳорати муаррифӣ, техникаи иҷро баҳогузорӣ мешаванд. Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ширкати «МегаФон», ҳамчунин мутахассисони пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дохил хоҳанд шуд. Муаррифии лоиҳаҳо 18 апрел дар доираи лоиҳаи «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» се сол инҷониб баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






