Донишҷӯёни тоҷик дар Форуми Одесса
Анқара, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ду нафар донишҷӯёни тоҷики муҳассили Туркия дар мусобиқаи варзишӣ дар Форуми дуюми донишҷӯёни Тоҷикистон, ки аз 26 то 28 апрел дар шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина баргузор гардид, ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Форум бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Украина баргузор гардида, дар он беш аз 250 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар Украина, Русия, Беларус ва Туркия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.Дар ҳошияи форум конфронси илмию амалӣ бахшида ба такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои муҳимтарини Тоҷикистон доир гардид. Ҳамчунин мусобиқаи варзишии донишҷӯён аз рӯи футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, гӯштингирӣ ва ғайра роҳандозӣ шуд.Қобили зикр аст, ки Форуми аввалини донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишкадаҳои олии Украина моҳи апрели соли 2012 дар шаҳри Харков баргузор шуда буд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






