Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия

Апрель 9, 2013 11:50

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи роҳандозии Конфронси 11 байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибатҳои нав ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Федератсияи Русия бо мақсади шиносоӣ бо Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Русия ба маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Сипас мулоқоти раиси Вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, раиси ноҳияи Данғара М.Сайдалиев, ҳамчунин роҳбарони дахлдори вилоят ва Палатаи савдо ва саноати он, соҳибкорони маъруфи вилоят бо ҳайати Федератсияи Русия баргузор шуд. Ғайбулло Афзалов дар ҷараёни мулоқот аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, вазъи сармоягузорӣ ва густариши иқтисодиёти вилояти Хатлон нақл кард. Пешниҳод шуд, ки барои ҳамкории минбаъда бо Афғонистон имкониятҳои минтақаи озоди иқтисодӣ истифода шавад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин гуфтушуниди дуҷонибаи намояндагони аҳли тиҷорат баргузор гардида, Созишномаи ҳамкории байни палатаҳои савдои вилоятҳои Хатлон ва Пенза имзо гардид.

Апрель 9, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст