Душанбе бо Сямэн бародаршаҳр мегардад
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Душанбе-пойтахти Тоҷикистон бо шаҳри Сямэни Чин бародаршаҳр мегардад. Масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбею Сямэн дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун матраҳ гардид. Раиси шаҳр ташаббуси мазкурро дар мавриди тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ, ки баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарии Душанбе мусоидат менамояд, амри воқеӣ арзёбӣ кард. Алҳол Душанбе бо 14 шаҳри дунё — Лусака /Замбия/, Санъо /Яман/, Монастир /Тунис/, Клагенфурт /Австрия/, Боулдер /Амрико/, Ройтлинген /Олмон/, Лоҳур /Покистон/, Мазори Шариф /Афғонистон/, Шероз ва Теҳрон /Эрон/, Санкт-Петербург /Русия/, Минск /Беларус/, Анқара /Туркия/ ва Урумчи /Чин/ робитаҳои бародаршаҳрӣ дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






