Э. Раҳмон: «Андозаи нафақа чоруним баробар зиёд гардид»
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-«Дар соли 2012 музди меҳнати кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона – интернатҳо барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи тандурустӣ 40, илм ва фарҳанг 30, инчунин стипендия 50 фоиз зиёд карда шуд»,- зикр намуд имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар. Инчунин иброз намуд, ки илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа чоруним баробар зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он аз 212 миллион сомонӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расидааст, яъне ҳафтуним баробар афзоиш ёфтааст ва ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад.«Дар натиҷаи амалишавии чораҳои мазкур сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд. Паст шудани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмини суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад», гуфт Сарвари давлат.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






