Э.Раҳмон: «Тоҷикистону Ҳиндустон дар масоили амниятӣ назари муштарак доранд»
Душанбе, 15 апрел (АМИТ «Ховар»).- Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик доранд, таъкид дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе.Сарвари давлат таъкид намуд, ки сафари мазкури Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар аст, ки марҳилаи муҳими он моҳи сентябри соли гузашта дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон амалӣ гашта буд. Ин муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд хислати мунтазам дошта, бад-ин восита ҳар ду ҷониб ният доранд, ки ба муносиботи дорои анъанаҳои дерини таърихии миёни кишварҳоямон нерӯи тоза бахшанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкорияш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад. -Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин соҳа минбаъд низ пуштибонӣ намоем, -таъкид намуд Сарвари давлат. Дар раванди музокирот ҳар ду ҷониб зарурати густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавиро таъкид намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ва музокирот мавзуоти муҳими минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






