Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар Душанбе

Апрель 22, 2013 11:50

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Аз 9 – ум то 13-уми майи соли равон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки фестивали мазкур бо иштироки ҳунармандон аз Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Чин, Эрон , Афгонистон ва Ӯзбекистон барпо шавад. Маросими ифтитоҳи расмии фестивал рӯзи 10 уми апрели соли ҷорӣ дар толори консертии Кохи Ҷомӣ сурат мегирад. Бояд гуфт, ки барномаи фестивал 13 уми май ба анҷом мерасад. Ёдрас мешавем, ки аз 12 уми майи соли 2000- ум ин ҷониб ҳамасола ин рӯз дар ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Апрель 22, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш