Фирор баъди куштор

Апрель 9, 2013 16:07

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–4 апрели соли 2013 соати 4.40 дақиқа дар ноҳияи Ҳисор мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кўчаи Берунӣ пиёдагард Собир Камоловро зер намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкурро ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ» Хушбахт Меликови 26- сола содир намудааст.   Ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳритус мошинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қаҳрамон ба самти деҳаи Бирляш дар ҳудуди деҳаи Чинор велосипедрон Равшан Муъминови 52- соларо зер намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ронандаи мошинаи тамғаи «ВАЗ-21099» Рӯзибой Эшдавлатов, ки ҳодисаи мазкурро содир намудааст, боздошт шуд, Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов ҳафтаи равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 14 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида, 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.

Апрель 9, 2013 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад