Flydubai ба хатсайри мустақими Душанбе- Дубай оғоз мебахшад

Апрель 8, 2013 11:12

Душанбе, 8 апрел (АМИТ «Ховар»).- Ширкати ҳавопаймоии Flydubai (ФлайДубай) аз зумраи ширкатҳои навовари шаҳри Дубай буда, дараҷаи сарфакор дорад ва аз 1 майи соли 2013 байни Душанбе ва Дубай парвози мустақими ҳавопаймоҳоро роҳандозӣ мекунад. 24 апрели соли 2013 он ба шаҳри Уши Қирғизистон хатсайр боз мекунад. Сардори ширкати flydubai Гейт Ал Гейт зикр намуд, ки : “Бо оғози ин ду хатсайр миқдори шабакаҳои парвози мо ба кишварҳои ИДМ ба бист мерасад, ки дар муддати кӯтоҳ комёбии беназир аст. Ба бозори мазкур ҳанӯз феврали соли 2012 бо парвоз ба шаҳри Бишкек шомил шудем. Ба шаҳрҳои Душанбе ва Ӯш хатсайр боз намуда, мо шабакаи парвози худро васеъ менамоем» Ширкати ҳавопаймои Flydubai хатсайри тиҷоратии худро 1 июни соли 2009 оғоз намуда, дар тӯли 3 сол микдори ҳавопаймоҳои худро ба 28 адад расонида, бо навъҳои нави Боинг 737-800 Next Generation (Насли нав) ба 60 самти хатсайр парвоз мекунад. Парвоз аз Душанбе ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегирад. Рейси FZ778 аз Душанбе соати 04.50 парвоз карда, ба Дубай соати 07.30 вақти маҳаллӣ мерасад. Рейси бозгашт FZ777 аз Дубай, терминали 2 соати 22.05 парвоз карда, ба Душанбе соати 02.30 мерасад. Арзиши чиптаи тайёра ба ду самти равуо 545 доллари ИМА буда, гирифтани бағоч то 20 кило ва бағочи дастӣ то 7 кило мумкин аст.

Апрель 8, 2013 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!