Flydubai: Тоҷикистон 33-юмин давлатест дар харитаи ҳавоии ширкат
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Имрӯз якумин парвози тайёраи ширкати ҳавопаймоии Flydubai ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир шуд. Парвозҳо ба Душанбе ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд, Хатсайри FZ 777 аз Терминали 2-и Дубай ба самти Душанбе соати 22.05 парвоз намуда, дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 02.30 фуруд меояд. Ба самти Дубай тайёра аз Душанбе соати 04.50 рӯзҳои чоршанбе ва шанбе парвоз намуда, дар фурудгохи Дубай соати 07.30 менишинад. Нархи чипта ба ду тараф 545 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мусофирон метавонанд то 20 кг бағоч ва то 7 кг бори дастиро бо худ бигиранд. Дар дохили тайёра мусофирон метавонанд аз хизматрасониҳои иловагӣ ва нӯшокихои гуногун истифода бурда, аз молҳои дюти-фри харидорӣ намоянд.Маълумотнома: Flydubai моҳи марти соли 2009 таъсис ёфта, аввалин ширкати ҳавопаймоии сомонадори Дубай ва мутараққитарин ширкати ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз оғози фаъолияташ дар моҳи июни соли 2009 ширкат шабакаи нақлии худро ба 57 самт дар ҳудуди Шарқи наздик, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Украина, Осиёи Марказӣ, Африкои Шимолию Шарқӣ тартиб дода, пойгоҳи ҳавопаймоии худро бо 29 ҳавопаймои навтарин ташкил намуд. Ширкати Flydubai ба ҳокимияти Дубай тааллуқ дошта,, соҳаи туризмро дастгирӣ менамояд. Бинобар ин ба мусофирон самтҳои гуногуни сафарҳо ва хизматгузориҳои кафолатнокро бо нархи дастрас пешниҳод мекунад. Аз 1 январи соли 2012 Flydubai боркашонии ҳавоиро низ оғоз намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






