Форуме, ки мағзи кӯдаконро таҳрик дод
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). – Имрӯз дар Маркази равобити пойтахт Форуми мактаббачагони шаҳри Душанбе оид ба технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ҷамъбаст гардид. Форуми мазкур аз тарафи Маркази ТИК-и назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии кулли ширкати “Телеком технолоҷи”дар шарикӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Форумро Ҳамидуллохон Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷамъбаст карда, ба он толибилмоне, ки дар ин лоиҳа иштирок доштанд, комёбиву бурдбориҳо таманно кард.Салмон Мираков, хонандаи синфи 11-и ноҳияи Сино мегӯяд, хеле шод аст, ки лоиҳаи тартибдодааш дар ин форум муаррифӣ шуд: “Барномаи сохтаи ман ин омӯзиши забонҳо мебошад, ки ба 3 забон тарҷума мешавад. Мақсад аз сохтани чунин барнома дар он буд, ки хонандагоне ки нав ба омузиши забон шурӯъ мекунанд, маҳз аз ин барнома истифода баранд. Ин барнома хело осон, қулай ва дастраси ҳмагон аст ”.Шавкат Нурматов, директори маркази ТИК-и назди раёсати маорифи пойтахт гуфт: “Форуме ки тӯли 2 рӯз баргузор гардид, аз тарафи ҳакамон хуб арзёбӣ шуд ва гуруҳбандӣ шуда, ба 4 қисм тақсим шуданд. Бояд гуфт. ҳар як лоиҳа аз рӯи мазмуну муҳтаво ва дизайни компютерӣ бо 10 хол баҳогузорӣ шуд”. Дар Форуми мазкур 6 нафар беҳтарин дониста шуда, бо дипломҳо мукофонида шуданд ва ба 25 нафари дигар туҳфа супорида шуд. Азамат Сафаров, хонандаи мактаби № 54-и пойтахт яке аз иштирокчиёни форум бо лоиҳаи “Шакли электронии “АЛИФБО” гуфт: “Ин гуна форумҳо бояд ҳар сол барои мо толибилмон ташкил шаванд, то мо тавонем зеҳну саводнокӣ ва дониши худро сайқал диҳем”.Бештари лоиҳаҳо ба масоили ҳалли баъзе аз мушкилоти маориф, аз ҷумла осон кардани кори омӯзгорон, бақайдгирии электронии хонандаҳо ва ҳамчунин тавассути электронӣ омода сохтани тестҳо барои имтиҳонҳои мактабӣ равона шудаанд.Форум бо барномаи фарҳангию фароғатӣ анҷом ёфт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






