Форуми донишҷӯёни Тоҷикистон дар хориҷа
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Аз 26 то 28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Одесса форуми беш аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишкадаҳои олии Русия, Беларус, Туркия ва Украина баргузор мегардад.Мувофиқи хабари намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Украина, дар барномаи форум конфронси илмию амалӣ бахшида ба масоили иштироки мутахассисони ҷавон дар рушди саноат, энергетика ва коммуникатсияҳои Тоҷикистон, густариши ҳамкории гуманитарӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мақоми хоса дорад.Дар форум масъалаҳои таҳсилу зиндагии донишҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳисобот перомуни фаъолияти Шӯрои донишҷӯён ва ҳайати таҳририи маҷаллаи «Ватанпарвар» муҳокима мешаванд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мусобиқоти донишҷӯён аз рӯи 8 намуди варзиш ва фестивали фарҳанг баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






