Гўшаи фарҳангии Арабистони Cаудӣ дар Китобхонаи миллӣ

Апрель 2, 2013 09:12

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе рўзи 29 марти соли 2013 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гўшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ расман ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи расмии гўшаи фарҳангии саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Сауд- муовини аввали вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳамкории Осиё (ACD) рўзҳои 28 ва 29 март аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварда буд ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳузур доштанд. Инчунин дар ин маросим Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон М. Илолов, Раиси иттифоқи нависандагон М. Бахтӣ, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода, шоирони шинохта Гулрухсор Сафиева ва Гулназар Келдӣ, олимону адибону зиёиён ва намоядагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат варзиданд.Гўшаи фарҳангии саудӣ дар ошёнаи чаҳоруми бинои Китобхонаи миллӣ ҷойгир гашта, китобҳои дорои муҳтавои мухталиф бо забони арабӣ, маводи фарҳангии гуногун ва дастгоҳҳои компютериро фаро гирифтааст.Инчунин дар назар аст, дар ин гўша барномаҳои фарҳангӣ ва давраҳои омўзиши забони арабӣ роҳандозӣ шаванд.

Апрель 2, 2013 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд