Густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон 15 апрели соли ҷорӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода мулоқоти судманд доир намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили бизнес-форумҳо бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, доир намудани курсҳои бозомӯзӣ, омӯзиши таҷриба аз масъалаҳое буданд, ки ҷонибҳо дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






