Густариши ҳамкории ҲХДТ бо Ҳизби коммунистии Чин
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Хуан Хуагуан – сардори Департаменти тадқиқотии назди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби коммунистии Чин ва Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Фан Сянжун бо муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров мулоқот анҷом доданд. Бар пояи иттилои сомонаи расмии ҲХДТ Сафар Сафаров оид ба фаъолияти ҲХДТ ва барномаҳои ҳизбӣ маълумот дода, аз ҳамкорӣ миёни Ҳизби Коммунистии Хитой ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон вобаста ба амалишавии якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки онро ширкатҳои чинӣ ба зимма доранд, ибрози назар шуд.Хуан Хуагуан – сардори Департаменти тадқиқотии назди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби Коммунистии Чин аз муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин ҳарф зада, қаноатмандии ҳайаташро аз боздиди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт. Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили марбутаи ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои дутарафа суҳбат намуданд. Ба иттилои манбаъ ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин бо роҳбарии Хуан Хуагуан – сардори Департаменти тадқиқотии назди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ин ҳизб тайи ду рӯз аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. .








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






