Хадамоти муҳоҷират: “Баъд аз ихроҷ ба Русия наравед!”
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки вақтҳои охир аз ҷониби бархе аз шаҳрвандони мо- муҳоҷирони меҳнатӣ амалҳои хилофи қонунҳои муҳоҷират содир мешаванд. Аз ҷумла баъзе шаҳрвандоне, ки аз қаламрави Федератсияи Русия бо ҷурми қонуншикании маъмурӣ депорт ё маҷбуран берун карда шудаанд, ному насабашонро иваз намуда, бо шиносномаҳои қалбакӣ кӯшиши дубора ба ин кишвар ворид шуданро мекунанд. Хадамоти муҳоҷират дар иртибот ба ин ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба ин кор даст назананд, зеро чунин кирдор ғайриқонунӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи қонунгузориҳои нави ФР аз моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба чунин шахсон чораҳои қатьӣ татбиқ мегарданд. Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории ҷории Федератсияи Русия дар сурати дидаву дониста ва такроран идома додани чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.Барои гирифтани маълумоти бештар Шумо метавонед ба суроғаи мо: кӯчаи Айнӣ 121, ё бо телефонҳои боварии 225-07-19, 905-50-78-78 ва 95-115-01-16, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ҳамчунин ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шаҳри Маскав, 2-ая Тверская-Ямская, бинои 40/3 тел: 44-640-19-51, 44-460-83-84 муроҷиат намоед.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






