Хадамоти муҳоҷират бо намозгузорон дидор хоҳад кард
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаро таҳия ва мувофиқа намуда, барои имзо ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод намуд. Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ амалӣ намудани созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ва ҷамоатҳои кишварамон боз ҳам пурзӯр карда шаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






