Идрори Ҳамфрӣ—такмили маҳорат дар Амрико
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз оғози озмуни кушод барои дарёфти идрори Ҳюберт Ҳамфрӣ иттилоъ додааст. Бино ба иттилои манбаъ идрори Ҳюберт Ҳамфрӣ ба мутахассисони тоҷик имкони гузаштани курсҳои такмили маҳоратро дар донишгоҳҳои Амрико фароҳам меоварад. Барандагони ин идрор бар асоси сатҳи роҳбарӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ( новобаста аз фаъолият дар бахши давлатӣ ё хусусӣ) интихоб шуда, имкон меёбанд, ки дар донишгоҳҳои Амрико муддати 10 моҳ дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил кунанд. Идрори Ҳюберт Ҳамфри дар бахшҳои рушди хоҷагии қишлоқ, рушди иқтисодӣ, ҳуқуқ, тиб, рӯзноманигорӣ ва дигар соҳаҳо эълон шуда, довталабон бояд забони аглисиро хуб донанд ва маълумоти оливу собиқаи кории на камтар аз 5- сол дошта бошанд. Ҳуҷҷатҳои довталабон то 17-уми май қабул мешаванд ва ҳамчунин онҳо метавонанд барои маълумоти бештар ба Сафорати Амрико муроҷиат намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






